Баррасии ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ Конфронси байналмилалӣ оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ ва созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Сараввал намояндаи Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Стефан Эрбер, Роҳбари дафтари Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ оид ба Стратегияи муҳлати миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ-4)-Амнияти озуқаворӣ, беҳ намудани идоракунии давлатӣ ва афзалиятҳои рушди сохтори хусусӣ маърӯза кард. Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар бораи дастовардҳо ва натиҷаҳои асосии Ислоҳоти кишоварзӣ ва тафсири кори якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар солҳои 2009-2012 маълумот дод. Инчунин ҳамоҳангсози Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ дар Шӯрои ҳамкориҳои рушд, мушовири калони сиёсии Дафтари Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) Насим Ҷавод дар мавриди қадамҳои навбатӣ, хулосаи мухтасари нақшаи корӣ, масъалаҳои ҳалталабе, ки мебояд пайгирӣ кард, суханронӣ намуд. Аз тарафи иштирокчиёни конфронс саволҳо оид ба ислоҳоти соҳаи аграрии Тоҷикистон дар мавриди истифодаи об, замин ва роҳҳои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва иштироки занон дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳо ироа шуданд. Бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуд, ки масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






