Дастгирии Ҷопон аз маркази нефрологии Душанбе
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз Ҳироюки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мария Шехова, сардухтури Маркази нефрологӣ дар назди бемористони клиникии кӯдаконаи №2 созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти тиббии Маркази ҷумҳуриявии нефрологии кӯдаконаи Тоҷикистон»-ро ба маблағи 106 ҳазору 548 доллари ИМА ба имзо расониданд. Лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ мешавад. Маркази нефрологӣ ягона муассисаи тиббиест, ки бо маризиҳои гурдаи кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман кор мебарад ва барои пешкаш намудани хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3000 кӯдак дар як сол нақши асосиро мебозад. Лекин бештари таҷҳизоти тиббии мавҷуда кӯҳна буда, дар ҳолати ногувор мебошанд. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ аз омилҳои асосии хизматрасонии хуби тиббӣ барои беморон мебошад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур таҷҳизоти нави тиббӣ, ба монанди УЗИ, коагулятор дар марказ пайваст мегарданд Татбиқи лоиҳа боиси баланд бардоштани сатхи хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3000 бемори гурда мегардад. Бешубҳа, лоиҳа беҳтар намудани саломатии мардум ва ҳимояи ҳуқуқи онҳоро барои пеш бурдани ҳаёти солим дар назар дорад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






