Ду бозии даври 16
Душанбе, 17 сентябр (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) -Дирӯз дар силсилаи бозиҳои даври 16-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ тими «Парвоз» дар сафар тавонист дар дақиқаи 90-ум баъди голи задаи Мансур Ҳакимов соҳибони майдон- дастаи «Ҳосилот»-ро бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб намояд. Дар дидори дуввум «Истаравшан» бар «Зарафшон» бо натиҷаи қотеи 4 бар 1 пирӯз шуд. Дар рақобати даври баргашти нимниҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Регар ТадАЗ» «Гвардия»-ро ноком кард . Футболбозони ин даста ба дарвозаи ҳариф 8 голи беҷавоб зада, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Имрӯз дар ин радиф «Истиқлол» бо «Энергетик» қувва месанҷад. Дар вохӯрии аввал футболбозони «Истиқлол» бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб шуда буданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






