Дурнамои ҳамкории Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон
Душанбе 25 сентябр. (АМИТ «Ховар» Людмила Дубинина).-Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавзӯи «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон:дурнамои нави ҳамгироӣ», ки 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, масъалаҳои ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Ин чорабиниро созмони ғайритиҷоратии Бунёди рушди «Институти таҳқиқи АвруОсиё»ва Институти иқтисод ва демографияи Академия илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Президенти Федерацияи Русия оид ба робитаҳои байниминтақавӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ созмон додаанд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти ҳокимият,аҳли тиҷорат ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ,коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора аз Намояндагии бунёди рушди «Институти таҳкиқи АвруОсиё дар Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар»хабар доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






