Иҷрои нақшаи солонаи ангишт
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи солонаи ангиштро дар ҷумҳурӣ (нақшаи солона 220000тонна.) пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд. Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 221,5 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 110,0 ҳазор тонна зиёд ё ба 197,4 фоизи нақша баробар аст. Фурӯши ангишт бо назардошти бақияи солҳои пешин дар якҷоягӣ бо воридот дар ҷумҳурӣ 240 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. Захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда 38 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар айни замон истихроҷи шабонарӯзии ангишт 5-6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва муштариён метавонанд аз ин нуқтаҳо ва анборҳо ангишт харидорӣ намоянд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






