ИДМ мубориза бо ҷинояткориро пурзӯр мекунад

Сентябрь 11, 2012 09:05

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзҳои 6-8 сентябри соли 2012 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ (политсия)-и давлатҳои мазкур ва ҷараёни иҷрои барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин коркарди лоиҳаҳои «Барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2014-2018», «Консепсияи ташаккули ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ (политсия)-и кишварҳои узви ИДМ» ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ муҳокима гардиданд. Дар ҷаласа ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали вазир Нурулло Орипов роҳбарӣ намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сентябрь 11, 2012 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад