Муҳокимаи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздорандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ Кайл Петерс ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор доир гашт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар минтақа дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт, тиҷорат, обу энергетика ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди дурнамои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа, сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






