Мулоқоти чоруми вазирони корҳои хориҷии МҲТБО
Душанбе, 11 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 12 сентябр дар шаҳри Остона мулоқоти чоруми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокунандаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО ) бахшида ба 20-солагии созмони мазкур баргузор мегардад. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров иштирок мекунад. Аз рӯи натиҷаи иҷлосия эъломияи мулоқоти вазирон қабул мешавад, ки бояд ба саъю кӯшишҳои машварат барои таҳкими сулҳу амнияти Осиё қувваи нав бахшад. Ҳамчунин табодули афкор аз рӯи мавзӯъҳои мубрам дар назар аст. Аз ҷумла, вазъияти Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва Афғонистон, масъалаи паҳн накардани аслиҳаи қатли ом, муқобилат ба ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин афзалиятҳои ҳамкории иқтисодӣ дар доираи машварати зикршуда мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар мулоқот ҳайатҳои 24 давлати аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок менамоянд. Вазирони корҳои хориҷии 8 давлат ва роҳбарони 14 созмони байналмилалӣ ба ҳайси меҳмонон даъват шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






