Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари мухолифин дар Парлумони Ҳиндустон
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Деҳлӣ Сарвари мухолифин дар Лок Сабҳа (Палатаи мардумӣ) — Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндаи Ҳизби Мардумии Ҳиндустон дар Парлумон Сушма Свараҷро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот, асосан масоили вобаста ба робитаҳои миёнипарлумонии ду кишвар, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти равандҳои демократӣ ва таъмини волоияти қонун баррасӣ гардид.“Ҳиндустон барои мо на танҳо намунаи пешрафти босуръати иқтисодӣ, балки ҳамчун кишвари дорои анъанаҳои ғании демократӣ ҷозибанок аст”- изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Сушма Свараҷ низ дар навбати худ ба фаъолияти Парлумони дупалатагии Тоҷикистон, рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҷрибаи омӯхтании сулҳсозии кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.Ҳарду ҷониб омодагии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ин самтҳо таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






