«Оқилаи ҳикмат» бонувони ҳунарро ба камол мерасонад
Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт озмун –викторинаи «Оқилаи ҳикмат», ки байни духтарони мактабу гимназияҳои пойтахт доир гардида буд, ҷамъбаст шуд. Озода Бобоева- муовини директори гимназияи №53 -и пойтахт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки чорабинӣ бо ибтикори шўъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар шаҳри Душанбе» гузаронида шуд. Ҳадафи он тарбияи ҷавондухтарон дар рўҳияи худшиносию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, рушди маънавиёти фарҳангию сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавондухтарон дар самти созандагию бунёдкорӣ дар ҷомеа, ҷилавгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар байни духтарон аст. Озода Бобоева афзуд, ки озмунсоли дуюм гузаронида мешавад ва аз 4 шарт иборат буда, дар он гурўҳҳои 5 нафарӣ аз гимназияҳои рақамҳои 53 ва 9 ширкат намуданд. Ҷавондухтарон аз рўи шартҳои «Сухангустар», «Оқила», «Бонуи ҳунар» ва «Орифа» дар озмун иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Ба ғолибони озмун тўҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тақдим шуданд. 13.33.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






