Парлумон лоиҳаи қонуни навро баррасӣ намуд
Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо мақсади дастгирӣ ва рушди минбаъдаи соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар рушди мамлакат дар асоси Паёми Президенти кишвар ба парлумон таҳия гардидааст. Ин матлабро раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Раҷабов дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон, ки 25 сентябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, иброз дошт.Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро муайян ва тартиби амалӣ кардани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохторӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ муқаррар мекунад ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






