«Рустам ва Сӯҳроб» Украинаро тасхир мекунад
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Ялтаи Украина V-умин Фестивали байналмилалии «Театр. Чехов. Ялта» бо ҷалби беҳтарин намоишномаҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон оғоз меёбад. Дар фестивал ҳайати театрҳои Австралия, Бразилия, Миср, Исроил, Эрон, Испания, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Уругвай, Фаронса ва Чехия ширкат меварзанд.Дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳайати ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» муаррифӣ менамояд. Намоишнома аз рӯи асари Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуда, коргардони он Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов мебошад.Дар фестивал тибқи барнома вохӯрӣ ва мубоҳисаи эҷодӣ бо ҳунармандону коргардонҳои машҳур, мунаққидони театр, муаллифон ва баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст.Фестивал то 17 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






