Шаҳрдорӣ ба соҳибкорони олмонӣ чӣ гуфт?
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Федералии Олмонро таҳти раёсати директори генералии Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон Линдер Райнер, ки дар ин зимн Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон Имомуддин Сатторов ҳайатро ҳамроҳӣ мекард, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили истифодаи имкониятҳои мавҷудаи тарафҳоро барои ҷалби иқтидори субъектҳои соҳибкории Олмон дар татбиқи барномаҳои шаҳрӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои хадамоти коммуналӣ, воридсозии таҷҳизоту технологияҳои муосири саноативу барқӣ, рушди инфрасохторӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев аз таваҷҷўҳи субъектҳои соҳибкории Олмон барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуда, таъкид сохт, ки феълан дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории дар бахши обрасонӣ ва идораи партовҳои сахти маишӣ, ки дар шаҳри Душанбе амалӣ мешаванд, ширкатҳои олмонӣ дар асоси ғолибият дар тендерҳо фаъолият доранд. Онҳо низ имкон доранд, тибқи талаботи қонунгузории кишвар бевосита дар тендерҳои эълоннамудаи шаҳрдорӣ ширкат варзида, дар татбиқи иқтидорашон муваффақ гарданд. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






