Ситоди ҳаҷ-2012 : меҳмонхонаҳо барои қабули ҳоҷиён омодаанд
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз дар толори Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди “Ҳаҷ-2012” баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов , намояндаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар оғоз масъулини соҳа аз сатҳи омодагӣ ба мавсими Ҳаҷ-2012 ва корҳои анҷомёфта ба раиси Кумита гузориш доданд.Масъалаҳои вобаста ба омодасозии зоирини тоҷик ба мавсими ҳаҷ, тақсими либос ба онҳо, расонидани ёрии тиббӣ ба зоирин дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара аз муҳимтарин мавзӯъҳои ҷаласа буданд. Зикр гардид, ки ба хотири дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими “Ҳаҷ-2012” бояд тамоми чораҳои зарурӣ дида шаванд, то зоирин аз сатҳи хизматрасониҳои ситоди ҳаҷ ва роҳбаладон розӣ бошанд.Ҳамчунин овехтани рамзҳои миллӣ дар меҳмонхонаҳо, аз ҷумла парчами миллӣ ва пахш намудани филмҳо дар бораи Тоҷикистон ба забонҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо ҳамчун кори муҳим арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






