Ситоди ҳаҷ-2012 : меҳмонхонаҳо барои қабули ҳоҷиён омодаанд

Сентябрь 21, 2012 13:57

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз дар толори Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди “Ҳаҷ-2012” баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов , намояндаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар оғоз масъулини соҳа аз сатҳи омодагӣ ба мавсими Ҳаҷ-2012 ва корҳои анҷомёфта ба раиси Кумита гузориш доданд.Масъалаҳои вобаста ба омодасозии зоирини тоҷик ба мавсими ҳаҷ, тақсими либос ба онҳо, расонидани ёрии тиббӣ ба зоирин дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара аз муҳимтарин мавзӯъҳои ҷаласа буданд.   Зикр гардид, ки ба хотири дар сатҳи баланд гузаронидани мавсими “Ҳаҷ-2012” бояд тамоми чораҳои зарурӣ дида шаванд, то зоирин аз сатҳи хизматрасониҳои ситоди ҳаҷ ва роҳбаладон розӣ бошанд.Ҳамчунин овехтани рамзҳои миллӣ дар меҳмонхонаҳо, аз ҷумла парчами миллӣ ва пахш намудани филмҳо дар бораи Тоҷикистон ба забонҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо ҳамчун кори муҳим арзёбӣ гардид.

Сентябрь 21, 2012 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд