Таҷлили Истиқлолияти Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ

Сентябрь 19, 2012 13:21

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бахшида ба 21-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар шаҳри Сеул вохӯрии навбатии «Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ» доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод. Дар чорабинӣ донишҷӯёни Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Корея, Қирғизистон, Қазоқистон, Эфиопия ва бархе аз мамлакатҳои дигар иштирок карданд. Нахуст донишҷӯёни тоҷик дар бораи таҳсил, фаъолият ва зиндгии худ дар ин кишвар сӯҳбат намуда, инчунин раиси «Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ» Рустамҷон Бобоев доир ба аҳамияти Истиқлолият ва дастовардҳои он сухан гуфта, аъзои чамъиятро ба ватандӯстию худогоҳӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ, азхуд намудани илмҳои замонавӣ ва забономӯзӣ даъват намуд. Дар интиҳои ҷамъомад базми идона ташкил шуда, бо омода кардани хӯрокҳои миллӣ мулоқоти навбатии «Ҷамъияти тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ» ба анҷом расид, -хабар дод А.Қодирӣ.

Сентябрь 19, 2012 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад