Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва пулӣ

Сентябрь 14, 2012 14:43

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазъи иқтисодиёти кишвар дар ҳашт моҳи соли 2012 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ беҳбуд меёбад.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳаҷми ММД ба 20,4 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, вусъати бахши гардиши савдои чакана 18,9 фоиз, хизматрасонӣ 14,0 фоиз, саноат 11,7 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10,2 фоиз афзуд. Аз рӯи иттилои манбаъ, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам аст. Асосан он аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 13,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 фоиз ва маҳсулоти озуқа 2,0 фоиз ба вуқӯъ омад. Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 1,8 фоизро ташкил дод. Татбиқи мутавозунии сиёсати пулию қарзӣ тайи ду соли охир дар доираи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати пулию қарзӣ» ба роҳ монда шуда, баҳри нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳо, таъмини фаъолияти устувории низоми бонкии кишвар ва дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои пулӣ равона гардид. Дар ҳашт моҳи соли 2012 вобаста ба паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, меъёри бозтамвил аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт барои пасандозҳо бо пули миллӣ 2,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, мутаносибан дар саҳи 5,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардид. Дар натиҷаи сари вақт анҷом додани амалиёт бо истифода аз фишангҳои пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб мераванд, тайи солҳои 2011 – 2012 мунтазам афзоиш ёфта, то якуми августи соли равон маблағи он 3 млрд. 836,2 млн. сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,2 фоиз афзоиш ёфт. Ин афзоиш аз таҳкими устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад. Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, ки тибқи «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати молиявию иқтисодӣ» дар доираи барнома нигоҳ дошта мешаванд, ба монанди захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои умумии хориҷӣ ва дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 захираҳои софи байналмилалӣ 31,4 фоиз, дороиҳои умумии хориҷӣ 34,1 фоиз ва дороиҳои софи дохилӣ 30,0 фоиз афзуданд. Таъмини босамари гардиши пул, ки вобаста ба талаботи иқтисодиёт амалӣ мегардад, дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аҳамияти беандоза дорад. Дар ин раванд барориши пули нақд бо назардошти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дигар нишондиҳандаҳои бахши воқеӣ сурат мегирад.

Сентябрь 14, 2012 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ