Ташкили фонди қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷараёни ҳамкориҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ дар радифи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар мулоқоти раиси ин Кумита Давлаталӣ Саидов бо сардори барномаи IC дар Осиёи Марказии IFC Кристофер Миллер баррасӣ гардид.Дар мулоқот қайд гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ ва бо кўмаки техникии IFC як қатор ислоҳотҳоро дар самти санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, муколамаи давлат бо бахши хусусӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ, инчунин дар баргузории тендери байналмилалии азхудкунии комплексии захираҳои Конимансури Калон самаранок татбиқ мекунад.Дар ин замина мавзӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», ки дар айни ҳол дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Миллӣ қарор дорад, бо назаодошти нақшаҳои минбаъдаи ислоҳоти самти мазкур, мавриди муколама қарор гирифт. Кристофер Миллер қайд намуд, ки қабули чунин санад ба фазои мавҷудаи мусоиди сармоягузории Тоҷикистон боз як нишонаи мусбатро зам хоҳад кард ва дар назар аст, ки IFC дар доираи он дар соли 2013 ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаҳои реалии иқтисодиёти мамлакат тақрибан 100 млн. доллари ИМА маблағҳои сармоягузориро ҷалб намояд.Дар баробари ин, Раиси Кумита қабули ин санадро дар рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ мусбат арзёбӣ намуд. Д. Саидов ҳамкориро дар ташкили фонди муштараки қарздиҳии хурд барои соҳибкорон мувофиқи мақсад шуморид. Дар ин бобат ў афзуд, ки ҳангоми ташаккули Фонди мазкур мо бояд чунин механизми дастгирии бахши хусусиро таъмин намоем, ки ба рушду тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолии бахши хусусӣ равона шавад ва набояд барои муфлисшавии онҳо замина офарад.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






