У. Ҳунбо иқдоми Тоҷикистонро дар масъалаи об бамаврид арзёбӣ намуд

Сентябрь 25, 2012 11:10

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ У Ҳунбо мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар ояндаи наздик муҳокима шуданд. Мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории судманд дар пеш бурдани «Рӯзномаи об»-и СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди татбиқи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» мубодилаи афкор анҷом доданд. Бояд ёдовар шуд, ки бино ба қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ, ки муаллифаш Тоҷикистон мебошад, соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудааст. Муовини Дабири кулли СММ иқдоми Тоҷикистонро дар масъалаҳои об бамаврид ва мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои мусоидат ва пуштибонӣ дар татбиқи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» изҳор кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сентябрь 25, 2012 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд