Варзишгоҳи марказӣ: футбол зери чароғҳои фурӯзон

Сентябрь 12, 2012 11:29

Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) –Мухлисони бозии футболи мамлакат ёд надоранд, ки кай ва дар кадом сол бозии футболро дар майдони марказии пойтахт дар дили шаб зери нурафшонии чароғҳои варзишгоҳ тамошо карда бошанд. Дар бораи ин масъала ҳарф задан дар кишварҳои мутараққӣ номумкин аст, зеро 90 дар сади мусобиқоти футбол баъди шом баргузор мешавад ва мардум баъди кор ба варзишгоҳҳои рӯшан барои тамошо меоянд. Тоҷикистон, ки алҳол чанд варзишгоҳи ба талабот ҷавобгӯ дорад, дар ин масъала танқисӣ мекашад. Ба пешвози бозиҳои ниҳоии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз 24 то 30-юми сентябр дар шахри Душанбе мегузаранд, варзишгоҳи марказиро бо чароғҳои муосир муҷаҳҳаз карданд ва шоми имрӯз дар соати 19 бо баргузории бозии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Энергетик» ва «Истиқлол» он санҷида мешавад. Бино ба хабари расида 1200 чароғи баландсифати олмонӣ ва ҷавобгӯи стандарти охирини ҷаҳонӣ майдонро ба дараҷаи олӣ равшан хоҳанд кард. Пештар дар варзишгоҳ ҳамагӣ 500 чароғ насб шуда буд.

Сентябрь 12, 2012 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд