Зодрӯзи забоншинос таҷлил мешавад
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-22 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80 -солагии зодрӯзи забоншинос ва омӯзгори маъруф Қумрӣ Содиқова мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои мумбрами тадриси забони русӣ» баргузор мегардад. Омӯзгорон, донишҷӯён, ҳамчунин меҳмонон аз Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон ва Русия» аз фаъолияти илмию омӯзгории Қумрӣ Содиқова нақл карда, ӯро бо ин санаи фархунда шодбош мегӯянд. Қумрӣ Содиқова баъди соли 1956 хатм намудани факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, худи ҳамон сол дар донишгоҳ ба кор шурӯъ намуда ва то имрӯз дотсенти кафедраи забони русӣ барои факултаҳои ғайрифилоллгӣ мебошад. Мавсуф номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маорифи халқи ИҶШС буда, беш аз 100 асари илмӣ таълиф кардааст. Дар ин бора декани факултаи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳринисо Нағзибекова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






