Ҳалокати 5 тоҷик дар як корхонаи нафти Русия
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 29 сентябри соли ҷорӣ дар корхонаи коркарди нафт дар вилояти Тюмени Русия сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, се нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ин корхона дар километри 66-уми роҳи Тюмен — Ханти Мансийск ҷой гирифта, тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар сӯхтор, ки масоҳати 2,3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта буд, 8 нафар ба ҳалокат расида, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ному насаби онҳое, ки дар сӯхтори рӯзи шанбе (29-уми сентябр) дар вилояти Тюмен ҷон бохтаанд: Сатторов Олимҷон Эргашевич (с.т. 1968), Олимов Одил Ҳомидҷонович (с.т.1971), Боқиев Ҳаким Аминович (с.т.1986), Ҳамроқулов Қодирҷон Фозилович (с.т.1975), Тошматов Салимҷон Турсунқулович (с.т.1965).Гуфта мешавад, ки Эгамбердиев Абдунабӣ Абдувалиевич (с.т. 1975) дар беморхонаи клиникии Ханти Мансийск дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ҳамаи хароҷоти ба ватан интиқол додани ҷасади қурбоншудагонро Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ханти Мансийск ва ширкати «Инвест Ойл» ба уҳда гирифтаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






