Ҷаласаи Шӯрои танзимотии прокурорҳои генералӣ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 2 октябр дар шаҳри Киев ҷаласаи Шӯрои танзимотии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Мувофиқи хабари намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, дар кори ҷаласа ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина, ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода иштирок намуданд.Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои барномаҳои тадбирҳои муштарак, аз ҷумла муборизаи зидди ҷинояткорӣ, терроризм, зуҳуроти дигари ифротталабӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Қобили зикр аст, ки Шӯрои танзимотии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ бо қарори муштараки прокурорҳои генералии кишварҳои Иттиҳод 7 декабри соли 1995 таъсис ёфта, 25 январи соли 2000 – ум мақоми байнидавлатиро пайдо намуд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






