ҶБС «Дидор» дӯстонро даъват мекунад
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 16 октябр, дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи V – уми байналмилалии синамои «Дидор» ифтитоҳ мегардад. Мувофиқи суханони созмондиҳандагони ҷашнвора, 50 филми бадей, мустанад ва аниматсионӣ манзури бинандагон мегарданд. Дар рӯзи аввали ҷашнвора дар Хонаи Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бори нахуст «Таърихномаи синамои тоҷик» муаррифӣ карда мешавад. Муаллифони он Галина Элбаум ва Саъдулло Раҳимов мебошанд. Ҳамчунин филми мустанади «Қисмати шоир», намоиш дода мешавад, ки онро коргардони эронӣ Муртазо Нидоӣ ба навор гирифтааст. Баъди ин се филми синамогарони Тоҷикистону Гурҷистон манзури бинандагон мегардад. Аз ҷумла, филми нави бадеии коргардони тоҷик Искандар Усмонов «Барқия» манзури бинандагон мегардад.Шоми ҳамин рӯз дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии синамои «Дидор» баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ роҳбарони Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аъзои ҳаками байналмилалии ҷашнвора, собиқадорони синамо, коргардонҳо, ҳунарпешагон, намояндагони созмонҳои мададгор ва зиёиён иштирок менамоянд.Ҷашнвораи байналмилалии синамои «Дидор» то 20 октябр давом мекунад.Дар ин бора аз Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






