Ба толибилмон ИМД меомӯзанд
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи грантии «Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия (READ)» ва дастгирии шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Ииститути «Ҷамъияти кушода»-Бунёди мадад дар Тоҷикистон, муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» аз 1 то 5 –уми октябри соли ҷорӣ Озмоиши корҳои хаттӣ, ки дар доираи татбиқи низоми «Имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо)-и ҶТ» дар соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, гузаронида мешавад. Озмоиш аз рӯи ду намуди кори хаттӣ — «диктант» ва «эссе (иншои хурд)» бо иштироки 813 нафар хонандаи синфҳои 11-уми мактабҳои забони таҳсилоташон тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекии 13 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар озмоиш хонандагони 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ (аз ҷумла, гимназияю литсейҳо) иштирок менамоянд.Тибқи иттилои хадамоти матбуоти МД «Маркази миллии тестӣ» ҳар ду намуди корҳои хаттӣ аз фанни «Забони давлатӣ (тоҷикӣ)» гузаронида мешаванд. Мақсади асосии гузаронидани озмоиши корҳои хаттӣ интихоби шакли имтиҳони хаттӣ ҷиҳати дар оянда истифода бурдан дар ИМД мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






