Баррасии «Ҳамкории ҷамъиятӣ бо милитсия»
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Саидхон Ҷӯрахонов сардори шӯъбаи назорат аз болои маводи мухаддири сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Линда Рехт ва мушовири ин сафорат оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ хонум Тамара Даффи-Янсерро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот аз рушди бемайлони муносиботи сафорати ИМА бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ шуд. Инчунин масоили алоқаманд бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Ҳамкории ҷамъиятӣ бо милитсия» баррасӣ шуда, гуфтугӯи судманд доир ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






