Бемасъулиятӣ ва бепарвоӣ сабаби фавти дигарон мегардад.
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – 10 октябр соати 15.00 ронандаи мошини тамғаи «Дэу-Нексия» таҳти идораи ронанда Баҳриддин Қурбонови 27- сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон дар даромадгоҳи деҳаи Даҳана аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ Шаҳзод Тӯхтамуродови 5- соларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. 11 октябр соати 16.30 дар ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Воҳид Рашидови 22- сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Қурғонтеппа бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, мошинро дар тарафи рости роҳ чаппа мекунад, ки дар натиҷа худи ронанда дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Ҳамчунин 13 октябр соати 11.30 дар ноҳияи Темурмалик ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Ҳасан Маҳмуродови 22- сола ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 280 метр мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа мусофирони дохили мошин Умаралӣ Баҳодурови 23- сола ва Амонулло Баҳодурови 19- сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ронанда ва дигар мусофиронаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






