Бурди варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти Осиё
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Аз 22 то 24 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон чемпионати кушоди Осиё оид ба карате-кёкушинкай миёни ҷавонон доир гардид, ки дар он Тоҷикистонро 5 нафар намояндагӣ карданд. Аз ҷумла, Исмоил Назаров аз вилояти Хатлон соҳиби ҷои аввал, Анвар Лангариев аз ВМКБ соҳиби ҷойи дуввум, Сӯҳроб Назаров ва Кароматзода Файзулло сазовори ҷойи саввум гардиданд. Ёдовар мешавем, ки 4-5 августи соли равон дар шаҳри Сеули Корея мусобиқаи Осиё оид ба карате-кёкушинкай сурат гирифта буд, ки дар ин мусобиқа ҳам варзишгари тоҷик дар ин намуди варзиш Саидаҳмад Олимов ба гирифтани чойи дуввум ноил гардида буд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






