Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Изҳороти роҳбарияти ширкати «Хюлит Пакерд»
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Изҳороти роҳбари ширкати «Хюлит Пакерд»- Мэк Уиттман оид ба корхонааш,ки вақтҳои наздиктарин аз вартаи буҳрон раҳо ёфта наметавонад, боиси коҳиши арзиши саҳмияҳои он гардидааст. Ба гуфти расонаи хабарии «Rassian To-Day» коршиносони соҳа нишондиҳандаҳои корхонаро менамоянд. Ҳамин тавр, ба ҳар як саҳмия 3,5 доллар рост меояд. Ин дар ҳолест, ки қаблан коршиносон 4 доллару 16 сентро пешгўӣ мекарданд. Ба гуфтаи роҳбарияти ширкат, соли оянда барои «Эйч-Пи» мавсими навсозии дохилӣ ва бартарафкунии камбудиҳо хоҳад буд. Созишнома байни ду ширкати ҳавопаймоӣ Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Ширкатҳои ҳавопаймоии «Kantasi»-и Австралия ва «Emirates»-и Арабистони Саудӣ аризаи худро аз комиссия оид ба рақобат ва ҳуқуқи истифодабарандагони Австралия дар бораи таҳассуни пешакии иттифоқашон бозпас хонданд. Ин амал ба онҳо имконият медод, ки вақти парвоз ва арзиши билетҳоро дар мувофиқа бо якдигар ба роҳ монанд. Ба гуфти роҳбари ширкати «Kantasi» сохтори зиддиинҳисорӣ набояд барои кадом як коре аз болои онҳо даъво кунад. Ин дар ҳолест, ки ширкати мазкур як қисми хатсайрҳои худро тағйир медиҳад. Акнун мусофирони он на тавассути роҳҳои ҳавоии Сингапур, балки бо роҳи Дубай парвози худро анҷом хоҳанд дод. Задухӯрд миёни сарбозони Сурия ва Туркия Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи сарҳадии Тел Абайди Сурия миёни сарбозони Сурия ва Туркия задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуд. Тавре ки расонаи хабарии Hamshari.News итилоъ медиҳад, дар вақти задухӯрд 5 сарбози Сурия ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштанд. Аз сарбозони Туркия низ зиёда аз 12 тан ба ҳалокат расида, 40-каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Вале то ҳол сабаби сар задани чунин ҳодиса муайян нашудааст. Дар айни ҳол тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






