«Ишқи парӣ» дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Октябрь 23, 2012 16:34

Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тавре ки аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, ҳунармандони Театри давлатии мусиқиву драмавии ба номи Меҳрубон Назарови ВМКБ барои иштирок дар Фестивали IV-уми байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Алмаато сафар карданд. Дар чорабинӣ ҳунармандони театр асари Тоҳир Маҳмадризоев- «Ишқи парӣ»-ро намоиш медиҳанд. Чуноне ки зикр намуданд, театри тоҷик дар зарфи 20 соли охир бори аввал аст, ки дар ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат меварзад.Ёдовар бояд шуд, ки ҳукумати ВМКБ ва Вазорати фарҳанг барои харҷи сафари аҳли театр 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.

Октябрь 23, 2012 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш