Иштирок дар ифтитоҳи бинои нави филиали Агроинвестбонк дар шаҳри Истаравшан

Октябрь 28, 2012 18:51

Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан идома ёфт.Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави филиали Агроинвестбонк ифтитоҳ ёфт.Тавре зикр гардид, ин кор, тибқи супориши Президенти кишвар доир ба кушодани филиалҳои бонкҳои саҳҳомӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, анҷом ёфтааст.Дар ин филиали бонкӣ 65 нафар кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.Чунонки иттилоъ дода шуд, сандуқии қарзии филиал дорои 7,7 миллион сомонӣ аст ва то охири сол боз як баробар зиёд карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки барои Истаравшан барин шаҳри саноатӣ ва дорои соҳибкорони сершумор ин маблағ ҳам кам аст ва бояд чандин баробар зиёд бошад.Филиали мазкури бонкӣ ба мизоҷони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла соҳибкорони хурду миёнаи хусусӣ беш аз 10 намуди хизматрасониро пешкаш менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 28, 2012 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад