Иштироки Э.Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Боку
Душанбе, 16 октябр (НИАТ «Ховар»).-Дар шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони як зумра кишварҳои дигар ҳамоиши 12-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд.Барои иштирок дар ин ҳамоиш ба шаҳри Боку, ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Сарвазири Туркия, намояндагони воломақоми Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону Узбакистон ва фиристодагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ ташриф оварданд.Дар ҳамоиш масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф, илму техника, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ доир ба инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи захираҳои обию барқӣ, бунёди минтақаҳои тиҷорати озод, эҷоди шароити мусоид барои рафтуомади озоди одамон ва интиқоли бемамониати молу нақлиёт ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он бояд дар татбиқи босамари онҳо фаъолу ташаббускор бошанд.Таъкид гардид, ки ин созмон ва кишварҳои аъзои он метавонанд ташаббусро дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, аз ҷумла роҳи оҳани Чин-Қиргизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ба мисли лоиҳаи КАСА-1000, хатҳои интиқоли газ ва ғайра ба дасти худ бигиранд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз фаъолияти Хазинаи вижаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба эҳёи Афғонистон ва Нақшаи амалиёти он, изҳори боварӣ намуд, ки ин созмон аз лоиҳаи бунёди Маркази минтақавии касбию техникӣ оид ба омодасозии кадрҳо барои иқтисодиёти Афғонистон дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.Дар фароварди сухани худ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ содиқ буд ва хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯбаи фаъолияти он баландтару хубтар намояд».Хотиррасон бояд намуд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ОЭС) соли 1985 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, соли 1992 ба он Афғонистону Озарбойҷон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аъзо шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбайҷон иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






