Истеҳсоли чарм зиёд мешавад
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Тайи 8 моҳи соли равон истеҳсоли чарм ва маснуоти чармин қариб 2 баробар афзуда, тамоюли бештар истеҳсол намудани пойафзоли чармин ба назар мерасад. Аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, ҳаҷми маснуоти чармин дар кишвар дар натиҷаи афзудани тавлиди чарм зиёд шуд. То имрӯз дар кишвар 300 ҳазор тахта чарм истеҳсол шуда, маблағи умумии маҳсулоти чармин 16 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар давраи ҳисобот дар ҷумҳурӣ қариб 30 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол шуд, ки қисми зиёди онро пойафзоли бачагона ташкил медиҳад.








Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






