Корҳои тавзеҳотии АНММ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 30 нафар кормандони Агенти назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар ҳошияи амалиёти сохторҳои ҳифзи хуқуқ таҳти унвони «Кӯкнор – 2012» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон фиристода шуданд.Тавре ки аз маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вилоятҳои номбурда баробари иҷрои корҳои таъҷилӣ ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи воқифияти аҳолии минтақа аз таъсири бади маводи мухаддир ва тарғиби тарзи солими зиндагӣ чорабиниҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Мувофиқи маълумоти манбаъ, ғайр аз ин ба манзури афзун намудани самараи фаъолияти ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои зикршуда дар кори байни аҳолӣ ва хусусан наврасону ҷавонон ҷаласаҳои шӯроҳои маҳаллии ҳамоҳангсозӣ оид ба истеъмоли маводи нашъаовар доир мегарданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






