Маркази замонавӣ дар Хоруғ
Хоруғ, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамбастагӣ бо Бунёди Оғохон дастгоҳҳоро барои Маркази ташхис вориди шаҳри Хоруғ гардониданд. Муовини сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Нуралӣ Додалиев иттилоъ дод, ки шуъбаи бемориҳои чашму гӯшу гулӯи назди беморхонаи вилоятӣ ба бинои нав гузашта, бинои барҳавои он ба ихтиёри Маркази ташхис вогузор шуд ва ин ҷо аллакай дастгоҳҳои ҷадиди рентгенӣ ва ултрасадо васл шудаанд. Рӯзҳои наздик компютери томографӣ низ васл мешавад ва озмоишгоҳи ташхиси хуну пешоб бо ҷадидтарин дастгоҳҳои замонавӣ кушода мешавад. Нуралӣ Додалиев иттилоъ дод, ки дар шаҳри Хоруғ рӯи кор омадани Маркази ташхисӣ дар ҳаёти мардуми Бадахшон воқеаи хуш аст, зеро қаблан маризон ба хотири ташхиси беморӣ роҳи дарози шаҳри Душанберо пеш мегирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






