Назорати корҳои сохтмонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонии шаҳри Кӯлоб дар асоси қонуни ҳукумати ҶТ «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» амал карда, ба риояи қонуну меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияи Кӯлоб назорати қатъӣ мебарад. Бино ба иттилои сармеъмори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров миқдори биною иншооти дар шаҳр сохташуда 137 ададро ташкил дода, таҳти низорати кормандони шуъба мебошад. То ин давра тавассути комиссия ҳуҷҷатҳои 615 адад хонаи истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ осебдида пурра санҷида шуда, барои гирифтани қарори раиси шаҳр пешниҳод гардиданд. Инчунин баъди тадқиқи аниқ тавассути қуръапартоӣ ба 260 оилаи таркибии осебдидагон ва 337 нафар эҳтиёҷмандони маҳаллаи Чаманзор замини наздиҳавлигӣ дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






