Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини гурўҳи кории коршиносони Шўрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар мавзӯи «Оид ба ҳамгироии чорабиниҳо дар бобати назорат ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ҷаласа бо мақсади муайян намудани дурнамои рушди «Стратегияи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар минтақаи АвруОсиё» сурат гирифт. Дар он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия даъват шудаанд. Ин ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ буда, дар ҷамъомад мубодилаи афкори судманд дар бобати пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, кор бо ҷавонону наврасон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, кор бо кормандони васоити ахбори омма сурат гирифт. Хотиррасон бояд кард, ки масъалаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ дар минтақа бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар оянда дар назар аст, ки Созишнома байни давлатҳои аъзои АвруОсиё оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ ба имзо расад, гуфт манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






