СҶТ, ХБА ва МБТ ба бонкдорон таҷриба меандўзанд
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-«Омодагӣ ба хидматрасониҳои рақобатпазири молиявӣ: қоидаҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ»- чунин ном гирифтааст давраи омўзишӣ, ки баргузории он 17 октябр дар Бонки миллии Тоҷикистон дар назар аст. Саидмуъмин Камолов, раҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» мегўяд: Давраи омўзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Иҷрои талаботи Созмони ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ/ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» созмон дода шудааст. Мавсуф афзуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад ва онро Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ менамояд. Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони тоҷик дар давраи омўзишӣ масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи молиявӣ, масъулиятҳои марбут ба хидматрасониҳои молиявӣ ва ҳамчунин, таҷрибаи кишварҳои дигарро аз узвият дар СҶТ баррасӣ мекунанд. Мутахассисони СҶТ, Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ ва Маркази байналмилалии тиҷорат бо иштирокдорони давраи омўзишӣ аз таҷрибаи худ доир ба масоили марбут ба узвият дар СҶТ ва хидматрасониҳои молиявӣ табодули назар хоҳанд кард. Интизор меравад, ки Ари Айсен, намояндаи ХБА роҷеъ ба вижагиҳои соҳаи молиявии Тоҷикистон ва раванди рушди низоми бонкии кишвар ва соири масоили марбут ба сиёсати ислоҳоти соҳа ибрози назар хоҳад кард. Саидмуъмин Камолов меафзояд, ки дар давраи омўзишӣ ҳамчунин хадамоти маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон бо хидматрасониҳои молиявӣ дар дигар кишварҳои ҷаҳон қиёс хоҳад шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






