«Сайри Помир» дар Маскав

Октябрь 30, 2012 12:05

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 27 октябр дар Маркази адабиёти шарқи Китобхонаи давлатии Русия маросими намоиши суратҳо таҳти унвони «Тоҷикистон: фарҳанг ва анъанаҳои Кӯҳистони Бадахшон» баргузор гардид. Дар ин маросим корманди хурди илмии Институтси забоншиносии Академияи илмҳои Русия, роҳбари Ҷамъияти фарҳангии «Нур» Боғшо Лашкарбеков аз таърихи этнографии мардуми маҳаллии минтақаи Помиру Ҳиндукуш мухтасар нақл кард. Боғшо Лашкарбеков ба масъалаи рушди забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон дахл карда, аз ҷумла зикр намуд, ки солҳои охир дар қисми тоҷикистонии Помир, яъне дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, доираи вазифаҳои забонҳои помирӣ, хусусан забони шуғнонӣ васеъ шудааст. Дар ин чорабинии фарҳангию маърифатӣ олимони шарқшинос, донишҷӯён, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҷамоаҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.

Октябрь 30, 2012 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид