Вохӯрии Ғ. Афзалов бо сокинони ноҳияи Бохтар

Октябрь 1, 2012 14:08

Қӯрғонтеппа, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 29 сентябр раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов бо сокинони ноҳияи Бохтар вохӯрд. Ин чорабинӣ дар доираи дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони идораю муассисаҳо сурат гирифт.Сокинони ноҳия зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои бунёди иншоотҳои варзишӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳоти дурдаст, ҷудо кардани қитъаҳои замин ва таъмири роҳҳои мошингард мароқ зоҳир намуданд. Раиси вилояти Хатлон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда мусоидат намуда, ба сохтмони роҳҳои дохилии мошингард таваҷҷӯҳи хоса диҳанд.

Октябрь 1, 2012 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад