«Авесто» дар сар то сари ҷумҳурӣ
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ соли 2012 қариб 80 фоизи майдони кишти пахтаро навъи миёнанах ташкил дод, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шуда, пеш аз муҳлат ҷамъоварӣ гардид.Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ олимони Пажуҳишгоҳи зироаткорӣ соли 2012 дар майдони 2 ҳазор гектар кишти пахтаи навъи маҳиннахи гулаш пӯшидаи «Авесто»-ро ба роҳ монданд, ки он дорои сифати баланди нах мебошад. Бино ба гуфти олимони пажуҳишгоҳ, солҳои минбаъда дар тамоми ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ кишти навъи пахтаи «Авесто» ба роҳ монда мешавад. Соли ҷорӣ дар мавсими кишт 15 навъи пахтаи миёнанах дар майдони беш аз 160 ҳазор гектар кишт гардид.-«Пахтаи миёнанахи «Авесто» бартарии худро аз бисёр ҷиҳат нишон дод. Азбаски гулу шонаи ин навъи пахтаи маҳинанахи гулаш пӯшида аз ҳашароти зараррасон ҳифз шуда, ҳосили фаровон дода метавонад, олимон онро барои кишти васеъ дар соли 2013 тавсия мекунанд»,- иттилоъ доданд дар Пажуҳишгоҳи зироаткорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






