Баррасии масоили муносиботи иқтисодии Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Амҷад Ҳусейн В. Сали чанде қабл дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Д. Саидов сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишварро самаранок арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин раванд суръати тоза пайдо карда истодааст. Далели ин гуфтаҳо нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни Покистону Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2012 аст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаригашта тақрибан 4-5 маротиба афзоиш ёфтааст.Инчунин тарафҳо оид ба масъалаҳо ва нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва соддагардонии ҳамгироиву тамос байни намояндагони бахши хусусии ҳарду кишвар мубодилаи афкор намуда, оид ба чорандешӣ дар мавриди татбиқи созишҳои ба миёномада ибрози омодагӣ карданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






