Э. Раҳмон: «Низоми дунявият интихоби огоҳонаи мардум буд»
Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ). — “Тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷонибдори барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат буданд, оғози кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва қарорҳои онро бесаброна интизорӣ мекашиданд ва умед доштанд, ки пас аз баргузории он дар кишвар сулҳу субот пойдор мегардад”, – иброз намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20- умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Эмомалӣ Раҳмон омилҳои асосии якпорчагии давлат ва миллати тоҷикро аз ақли солим, азму иродаи ҷонибҳои мухолиф, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартар донистани манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гуруҳӣ хонда, баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳумро василаи муҳиме ҷиҳати хотима гузоштан ба беҳокимиятӣ ва раҳоӣ бахшидани миллат ва сарзамин аз вартаи ҳалокат унвон кард. Президент бо зикри афзалиятҳои низоми давлатдории демократӣ гуфт, баъзе аз нерӯҳои аз нигоҳи сиёсӣ бетаҷрибаи дохилӣ бинобар мутаассир гардидан аз мафкураи бегонагон ва зери идеологияи гуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ қарор доштан, бунёди давлати дорои идеологияи дигарро дастгирӣ намуданд. “Аммо ин нерӯҳо воқеиятеро ба назар нагирифтанд, ки низоми сиёсиву идеологии дар назар доштаи онҳо на ба шароити Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба анъаноту тафаккур ва мазҳаби мардуми кишвар ва на ба хусусияти равандҳои сиёсиву геополитикӣ ҳеҷ гуна созгорӣ надошт” – иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат дар фароварди суханронии худ бо таваҷҷуҳ ба аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз намуд, ки масъулияти шаҳрвандии хешро дар назди халқу Ватан амиқ эҳсос намуда, дар рушду пешрафти кишвар ва раванди созандагии он фаъолона саҳм гузоранд, зеро ба қавли Президент: “Сарфи назар аз ақидаҳои гуногунамон ҳамаи мо фарзанди Тоҷикистон ва соҳибватан ҳастем ва вазифадорем, ки ин неъмати худододро гиромӣ дорем ва азизу муқаддас шуморем”.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






