Иштироки Э. Раҳмон дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ

Ноябрь 16, 2012 15:10

Душанбе, 16 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво аз рӯзҳои сахту сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла бесарусомониҳои солҳои 1991 ва 1992, ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, қурбон шудани беш аз яксадупанҷоҳ ҳазор шаҳрванд ва ба харобазор табдил ёфтани минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти минбаъдаи давлату миллати мо нақши ҳалкунанда гузошта, барои раҳоии давлати навбунёд аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард.Тавре таъкид гардид, низоъҳои дохилии давомдор ва бесалоҳиятии ҳокимияти марказӣ дар тӯли таърих боиси парокандагӣ ва нобудшавии миллатҳо ва давлатҳои зиёд гардидааст.Бо ёдоварӣ аз нақшаҳои пурхатари доираҳои муайяни хориҷӣ ва баъзе сиёсатмадорону гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ доир ба ғарқи хун кардани Тоҷикистон ва пароканда намудани ин давлату миллат зикр гардид, ки ба шарофати иҷлосияи 16-ум давлатдории миллии мо аз вартаи фалокатбор раҳо ёфт. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «танҳо худи ҳамин далел басанда аст, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакатро аз муҳимтарин зуҳуроти тақдирсози таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ намоем».Чунонки зикр гардид, «ҷомеаи ҷаҳон низ санадҳои қабулнамудаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва азму иродаи роҳбарияти нави давлатро дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ дастгирӣ намуд».Тазаккур дода шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар мафкураи ҳар як сокини Тоҷикистон нақши муҳим гузошта, мардуми кишварро ба корҳои созандагӣ ҳидоят намуд, орзуву ормони халқро ба сохтори давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи орому осуда ва пешрафту тараққиёти давлат гардид.Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокдорони он иҷлосияи таърихӣ ва ҳар як нафаре, ки дар ташкил ва гузарондани он саҳм гузошта буданд, арзи сипос намуд. Сипосу миннатдории самимӣ, ҳамчунин ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамаи созмонҳою давлатҳое, ки дар барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон ва таъмини рушди босуботи ҷомеа саҳм гузоштаанд, баён карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли толор ва мардуми кишварро ба зарурати таъмини ваҳдату ягонагии миллӣ махсус ҷалб намуда, бо арзи эҳтиром ба мавқеи хоси сиёсӣ, ақидавӣ ва барномаҳои ҳизбу созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ таъкид бар он дошт, ки “манфиатҳои миллӣ, арзишҳои бунёдии давлатдорӣ ва суботу амнияти кишвар аз манфиатҳои маҳдуди ҳизбиву гурӯҳӣ бояд ҳамеша боло гузошта шаванд”.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни андешаронӣ оид ба вазифаҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ панҷ самти афзалиятнокро муайян намуд. Якум — ҳифзи давлатдории миллӣ, дувум — ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, савум — ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр — Ватани ягонаи мо», ҷаҳорум — рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ, панҷум — «Рӯ овардан ба ҷавонон» ва шашум — ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки сарфи назар аз тадбирҳои зиёди созандаи давлату ҳукумат, ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ин хотир бо изҳори бовару эътимод ба иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик таъкид гардид, ки “дар ояндаи наздик мо ҳама якҷо бо заҳмати созандаву ободгарона мушкилоти мавҷударо тадриҷан бартараф карда, зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин менамоем”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 16, 2012 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд