Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ вусъат меёбад

Ноябрь 2, 2012 10:08

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳаи кишоварзӣ, бахусус ислоҳоти он ботадриҷ амалӣ мегардад. Ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин раванд ба вусъати ҳадафи мазкур то андозае мусоидат мекунад. Дар ҳамин радиф чанд рӯз қабл ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ бо сафари корӣ ба ҷумҳурӣ омаданд. Тавре ки аз ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» маълум гашт, ҳадафи асосии ташрифи меҳмонон қабл аз ҳама аз тачлил ва баҳодиҳии лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ: “Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ”, “Лоиҳаи таъҷилии таъмини амнияти озуқаворӣ ва воридоти тухмӣ”, ”Рушди гуруҳҳои ҷамоавӣ бо мақсади беҳсозии дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат”, ки аз ҷониби бонки мазкур маблағгузорӣ мегарданд ва ҳамчунин пешниҳоди лоиҳаи нав иборат мебошад. Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» ба чанд навоҳии вилояти Хатлон сафар карда, бо роҳбарону кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хоҷагии деҳқонӣ ҳамсӯҳбат гашта, аз қитъаҳои намоишӣ, марказҳои омӯзишию машваратӣ, бошишгоҳҳои техникаю олотҳои кишоварзӣ, анборҳои нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, дидан кардаанд. Ҳамчунин вохӯрии ҳайати намояндагон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои дахлдор, бонкҳои тиҷоратии ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар назар аст. Роҳбари ҳайат, иқтисодчии пешбар оид ба соҳаи кишоварзӣ Николаса Ауссуси татбиқи лоиҳаҳои марбути соҳаи кишоварзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷаниби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегарданд, қаноатбахш баҳогузорӣ намуда, афзуд, ки соли оянда баъди ба итмом расидани лоиҳаи “Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ”татбиқи лоиҳаи нав — “Рушди рақобатпазирӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар ҳаҷми беш аз 11 миллион доллари амрикоӣ оғоз мегардад.

Ноябрь 2, 2012 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид