Изҳороти Кэтрин Эштон
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – «Иттиҳоди Аврупо омодааст, ки ба Тоҷикистон дар масоили истифодаи энергия кӯмак намуда, усулҳои пайдо намудани роҳҳои таъминоти энергияро дастгирӣ кунад», — зикр дошт барои матбуот намояндаи доимии Иттиҳоди Аврупо Кэтрин Эштон баъди мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 29 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.«Мо дар ҷараёни мулоқот бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ояндаи Афғонистон ва фаъолияти минбаъдаамонро дар ин кишвар баъди соли 2014, ҳамчунин аҳамияти дар оянда ҳам дастгирӣ намудани халқи Афғонистонро мавриди муҳокима қарор додем», — гуфт Кэтрин Эштон.«Тайи 20 соли охир барои дастгирии Тоҷикистон қариб 600 миллион евро ҷудо карда шуд. Ман басо хурсандам, ки навакак созишномаи молиявиро имзо намудам, ки он имкон медиҳад, рақобатпазирии бахши кишоварзию тиҷорати Тоҷикистон густариш дода шавад», — афзуд Кэтрин Эштон. Барномаи зикршуда иборат аз 16 миллион евро ба рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон, ҳамчунин татбиқи дурнамои Ҳукумати кишвар барои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеъа амалӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






