Корхонаи коркарди меваю сабзавот
Шаҳринав, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар тамоми фаслҳои сол барои организми инсон ғизои зарурианд. Кормандони корхонаи «Шараф» -и ноҳияи Шаҳринав, ки асосан ба коркарди меваю сабзавот машғуланд, имсол ба комёбии калон ноил гардиданд. Онҳо то имрўз беш аз як миллион қуттии шартӣ консерваҳои хушсифат истеҳсол карданд, ки нисбат ба порсола чанд маротиба зиёд аст. Тавре ки роҳбари корхона Ислом Назаров иброз дошт, коргарони корхона дар як рўз 4 тоннаю 300 килограмм бодирингро коркард мекунанд, ки он баробари 4800 банкаи шартӣ мебошад.Роҳбарияти корхона бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Шаҳринав, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Рўдакӣ ва хоҷагиҳои ҷангал шартнома бастааст, то ки эҳтиёҷоти корхонаро сари вақт таъмин созанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






