Маркази нави таълимӣ дар ДДТТ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).-Дафтари швейтсария барои кушодани Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ дастгирӣ намуда ва бо ин мақсад 481, 000 франки швейтсариягӣ маблағ ҷудо кард, қайд намуд дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов бо Президенти Палатаи болоии Парламенти Швейтсария Ҳанс Алтер. Умуман аз давраи аввали ҳамкорӣ то имрӯз Дафтари швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ барои амалӣ сохтани Барномаи ислоҳоти таҳсилоти олии тибби 1, 513, 000 франки швейтсарӣ масраф намудааст, ки ин аз ҳамкориҳои судманди ташкилоти мазкур бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, гуфт У. Қурбонов.Бояд қайд намуд, ки Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ низ маҳз бо дастгирии бевоситаи Дафтари швейтсарии рушду ҳамкорӣ таъсис ёфта, бо навтарин воситаҳои амалии таълим муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ба кор даромадани маркази номбурда ба ҳалли боз як мушкилот васеъ намудани имкониятҳои таҷрибаомӯзии амалии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






