Муаррифии китоби “Меъмори сулҳ” дар Қасри Люксембурги Фаронса
28 ноябри соли 2012 дар ш.Париж дар яке аз толорҳои бошукӯҳи Қасри Люксембург, макони нишасти Сенати Фаронса, бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, дастгирии Гурӯҳи дӯстии “Фаронса-Осиёи Марказӣ”-и Сенати Фаронса ва Иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” муаррифии китоб таҳти унвони “Меъмори сулҳ” (“The Architect of Peace”, “L’Architecte de la Paix”), ки ба наздикӣ дар Брюссел ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ интишор гардид, баргузор шуд. Дар муаррифии китоби бахшида ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ризоияти миллии давлати тоҷикон беш аз 100 нафар, аз ҷумла аъзоёни Сенат ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар вазорату идораҳои Фаронса, иттиҳодияҳо, созмонҳо ва донишгоҳҳои гуногун, инчунин кормандони ВАО ширкат варзиданд.Дар оғози маҳфил Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар бораи мӯҳтавои бойи таърихӣ ва иттилоотии китоб, аҳамияти он барои мардуми фаронсавизабон кӯтоҳ маълумот дод. Дипломати тоҷик нақши сарнавиштсози Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ, дастрасӣ ба сулҳ, ваҳдат, субот ва шукуфоии кишвар, дар татбиқи ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, пешбурду ҳимояи минбаъдаи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ тавассути пиёдасозии сиёсати “дарҳои кушода” таъкид намуд.Сипас Раиси Гурӯҳи дӯстии “Фаронса-Осиёи Марказӣ”-и Сенати Фаронса Андрэ Дюле, Раиси Иттиҳодияи дӯстии “Фаронса-Тоҷикистон” Анри Зиппер де Фабиани ва дигар иштирокдорон таассурот ва афкори хешро нисбати китоби хондашуда, дар бораи намунаи беназири давлати Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу суботи устувор ва барқарорсозии зудтарини иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар изҳор доштанд.Зимни зиёфати ғайрирасмӣ ҳозирин доир ба китоби муаррифишуда табодули андеша намуданд. Дар хотимаи чорабинӣ ба ҳамаи ҳузурдоштагон китоби мазкур, инчунин маҷаллаи “The European Times” дар бораи Тоҷикистон ва китоб роҷеъ ба фарҳангу санъати ғаниву бостонии тоҷикон тақдим карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






