Муборакбодии Президент

Ноябрь 9, 2012 11:52

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар арафаи иди касбӣ — Рӯзи милисаи тоҷик ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматиашон натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд, ҳамчунин ба собиқадорон, оилаҳои кормандони ҳалокшуда ва камбизоат аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва мукофотҳои пулӣ супурда шуданд.Тӯҳфаю мукофотҳоро вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов дар вазъияти ботантана супурд.Ҳамчунин дар мақомоти корҳои дохилии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи милиса чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ кормандони соҳаро муборакбод карда, онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ ва инъомҳои қиматбаҳо сарфароз гардониданд.

Ноябрь 9, 2012 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд